- майда
- I[ميده]1. хурд, кӯчак: бачаи майда, қадаҳи майда, одами майда, хонаи майда; майдаи нон резаи нон, нонреза; борони майда борони реза, резаборон, борони сим-сим; хати майда хати бо ҳарфҳои хурд навишташуда2. маҷ. камсармоя; баққоли майда, савдогари майда, корхонаи майда, хоҷагии майда; бахяҳои майда дарзҳои ба ҳам зич, кӯкҳои фосилаашон ба ҳам наздик; дузди майда дузде, ки чизҳои камарзиш, майда-чуйдаҳоро медуздад; қарзи майда қарзи маблағаш кам, воми андак; пули майда пули арзишаш кам (и одатан филизӣ); ҳашароти майда ҷонварҳои хурдҷусса (аз қабили мӯрча, малах, магас…); майда-майда а) хурд-хурд, реза-реза: майда-майда боридани борон (яъне маҳин, сим-сим боридани борон); б) гуфт. кам-кам, андак-андак; оҳиста-оҳиста: майда-майда пеш рафтан; майда кардан а) реза кардан, ба ҳиссаҳои хурд ҷудо намудан (мас., қандро, гӯшти ошро, ҳезумро…); б) бадал кардани пули калон ба пулҳои арзишашон кам; мӯйро майда бофтан мӯйро ба кокулҳои борики зиёд ҷудо карда бофтани духтарон; гапро майда кардан дар гуфтугӯ гузаштан ба ҷузъиёташ; гапро кашол додан◊ зуволаи касеро майда гирифтан тангрӯзӣ халқ кардан; шӯрбахт офаридан касеро (аз ҷониби Худованд)II[ميده]кит. орди гандуми дубеза ва нони аз он пухта
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.